Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН (U-16) БАР ҚИРҒИЗИСТОН (U-16)

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН (U-16) БАР ҚИРҒИЗИСТОН (U-16) ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН (U-16) БАР ҚИРҒИЗИСТОН (U-16)

16.05.2022

: 336

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард.

Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мо ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналтӣ) ва Шерафган Саидов заданд.

Дар бозии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Узбекистон дарвозаи футболбозони Афғонистонро голборон кард – 6:0.

Бозиҳои даври навбатӣ 16 май доир мешаванд. Дар ин рӯз Эрон бо Қирғизистон (18:00) ва Тоҷикистон бо Афғонистон (21:00) нерӯ месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Узбекистон – Афғонистон – 6:0