Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИШТИРОКИ 328629 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

ИШТИРОКИ 328629 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ИШТИРОКИ 328629 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ИШТИРОКИ 328629 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ИШТИРОКИ 328629 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ИШТИРОКИ 328629 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

15.05.2022

: 414

15 май дар ҷумҳурӣ дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) Давӣ миллӣ баргузор шуд, ки дар он 328629 нафар (103795 зан) иштирок намуданд.

Чорабинӣ аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бо иштироки 45230 нафар (17520 зан) баргузор шуд. Дар ифтитоҳи чорабинии Дави миллӣ ва марафони велосипедронии пойтахт муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Амонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода суханронӣ карда, иштирокчиёнро таҳният гуфтанд.

Қайд гардид, ки чорабинии Дави миллӣ 15-ум маротиба аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар баргузор мешавад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, сафи иштирокчиён сол то сол меафзояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон, новобаста ба синну сол, саломатии аҳолӣ ва рушди варзиш мебошад.

Тибқи маълумот, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 13 342 нафар, вилояти Хатлон 113 920 нафар, вилояти Суғд 97 530 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 58 607 нафар фаро гирифта шуданд.