Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ПЕШ АЗ БОЗИҲОИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 ДАР ДУБАЙ ТАМРИН МЕКУНАД

11.05.2022

: 336

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Дубай ҷиҳати омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ-таълимӣ анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19-уми май пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми лигаи олии кишвар ба Дубай сафар мекунад. Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 3-юми июн идома мекунад, дастаи мо як бозии дӯстона ба нақша гирифтааст. Ҳарифи футболбозони мо дар бозии санҷишӣ рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.

Ҳайати мукаммали тими миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки рӯзи 18 май эълон мешавад, 26 бозингарро дар бар мегирад. Аз ин шумора 23 бозингар ба дархости даста барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 шомил карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар Бишкек баргузор мешаванд. Ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва инчунин панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.