Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: НАТИҶАИ СЕ БОЗИИ ДАВРИ ШАШУМ

10.05.2022

: 382

7 ва 9-уми май се бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи «Истаравшан» сеюм давр пайиҳам аст, ки ба нокомӣ дучор меояд. «Истаравшан» ин навбат аз дастаи КМВА-и пойтахт бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои артишиҳоро Иззатулло Рӯзиев, Шарафҷон Солеҳов, голи тими мизбонро Мбеке Сиябатчу Деудонӣ заданд.

Дар бозии дигар “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода пирӯз шуд – 2:1. Ҳисобро бозингари “Регар-ТадАЗ” Бахтиёр Чориев кушод. Ба голи задаи ӯ футболбозони тими Восеъ Доробҷон Эргашев ва Анвар Муродов бо ду гол ҷавоб доданд.

Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Суғд – “Эсхата” ва “Равшан” (Зафарабад) мусовӣ (2:2) хотима ёфт. Голҳои тими Хуҷандро Дилшод Бозоров, Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, голҳои тими Зафарбодро бошад, Ҷаҳонгир Алиев ва Зуфарҷон Акбаралиев ба номашон сабт карданд.

Ду бозии дигари даври шашум 12-уми май баргузор мегардад. Дар ин рӯз “Хуҷанд” бо “Рашван”-и Кӯлоб, “Хатлон” бо “Истиқлол” вомехуранд. Воқеан, “Истиқлол” аввалин бозиашро дар мавсими имсола доир мекунад.