Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ БАДМИНТОН

05.05.2022

: 390

Бадминтон аз соли 1992 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст. Рақобатҳо миёни мардон ва занон дар алоҳидагӣ, ҳамчунин сабқати ҷуфти омехта доир мегарданд.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла бадминтон ворид гардидааст.

Дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 бадминтон аз рӯи 4 мусобиқа миёни мардон ва бонувон (инфиродӣ, ҷуфт) ва сабқати ҷуфти омехта сурат мегирад.

Дар намуди бадминтон ҳамагӣ 172 варзишгар (86 нафар миёни мардон, 86 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 16 нафар (8 мард, 8 зан) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.

Барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ, ҳамаи варзишгарон, бояд дар муҳлати интихобии олимпӣ аз 1 майи соли 2023 то 28 апрели соли 2024 ҳадди аққал дар се мусобиқаи рейтингӣ иштирок карда бошанд. Ин барои саҳмияҳои универсалӣ ва қитъавӣ низ дахл дорад, аммо барои квотаҳои кишвари мизбон татбиқ намешавад.

166 роҳхат тариқи радабандии олимпии Федератсияи байналмилалии бадминтон (BWF) тақсим мешавад, 2 варзишгари кишвари мизбон ва 4 нафар тариқи саҳмияи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Радабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024 барои ҷудо кардани роҳхатҳо ба варзишгарон дар сабқати инфиродӣ миёни мардон ва занон, инчунин ҷуфтҳои мардон, занон ва омехта истифода мешавад.

Радабандии олимпии Париж дар асоси натиҷаҳои нишондодаи варзишгарон дар давраи аз 1 майи соли 2023 то 28 апрели соли 2024 тартиб дода мешавад.

Чорабиниҳои зерин рейтингӣ маҳсуб меёбанд:
• Ҷоми Томас ва Убер
• Ҷоми Судирман
• Чемпионати ҷаҳон
• Мусобиқаҳои BWF G2 - cатҳи 1 то 6
• Мусобиқаҳои қитъавӣ G3; BWF - Challenge International, Series International & Future Series
• Чемпионатҳои қитъавӣ (инфиродӣ ва дастаӣ)
• Бозиҳои қитъавӣ - Бозиҳои Панамерика, Бозиҳои Аврупо ва Африқо (агар дар муҳлати интихобӣ иҷозат дода шуда бошанд).
• Ҳама гуна чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, ки аз ҷониби BWF иҷозат дода шудаанд ва пешакӣ ва бо тасдиқи BWF ба тақвими мусобиқаҳои рейтингӣ дохил карда шудаанд

Дар асоси радабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024 35 роҳхати инфиродӣ аз рӯи ҷинс ба варзишгарон тақсим мешавад, бо дарназардошти тақсимоти ҳадди ниҳоии ҷойҳо барои як КМО. Ба ин 35 ҷой барои намояндагони қитъаҳо низ дохил мешаванд. Дар намуди инфиродӣ аз ҳар панҷ қитъа ҳадди аққал ду варзишгар интихоб мешаванд, ба шарте ки дар радабандӣ дар ҷои то 250 мавқеъ дошта бошанд.

Дар асоси радабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024, ҳамчунин 96 роҳхат барои сабқати ҷуфтӣ (48 ҷуфт) ба варзишгарон тақсим мешавад, бо дарназардошти тақсимоти ҳадди ниҳоии ҷойҳо барои як КМО. Ба ин ҷойҳо барои намояндагони қитъаҳо низ дохил мешаванд. Дар намуди ҷуфт аз ҳар панҷ қитъа ҳадди аққал як ҷуфт интихоб мешаванд, ба шарте ки дар радабандӣ дар ҷои то 50 мавқеъ дошта бошанд.

Мусобиқаи бадминтон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 5
Мардон – 2 (инфиродӣ ва ҷуфтӣ)
Бонувон – 2 (инфиродӣ ва ҷуфтӣ)
Ҷуфти омехта

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 86
Бонувон - 86
Ҳамагӣ – 172

Тақсимоти ҷойҳо:
Тариқи радабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024 – 166
Саҳмияи универсалӣ - 4
Квота барои кишвари мизбон – 2
Ҳамагӣ – 172

Муҳлати интихобӣ
1 майи соли 2023 – 28 апрели соли 2024