Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

5 ГУШТИНГИРИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН ШИРКАТ ДОРАНД

04.05.2022

: 403

3 май дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола оғоз гардид, ки фардо анҷом меёбад.

Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 5 варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Сиёвуш Ачилов (63кг), Шероз Очилов (72кг), Султон Саидзода (72кг) ва Русланҷони Рустамҷон (82кг) ба Қазоқистон сафарбар гардидаанд. Онҳоро дар ин сафар мураббӣ Фаррухрӯз Раҳмонов ва довар Ҷаҳонгир Аланазаров ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар доираи мусобиқа, ҳамчунин курси омӯзишӣ барои доварон баргузор шуд, ки дар он Ф. Раҳмонов ва Ҷ. Аланазаров ширкат карданд. Машғулиятҳои назариявӣ анҷом ёфта, дар доираи мусобиқа машғулиятҳои амалӣ сурат мегиранд ва дар натиҷа ба иштирокчиён сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ тақдим хоҳад шуд.