Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ПАНҶУМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ПАНҶУМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ПАНҶУМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ПАНҶУМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ПАНҶУМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

29.03.2022

: 493

29 март дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, се сабқат баргузор шуд.

Бонувон ва бонувони ҷавони то 23-сола дар масофаи 111км ва мардҳо дар масофаи 174км сабқат карданд.

Миёни бонувони ҷавони то 23-сола варзишгари Қазоқистон Акпеиил Оссим, миёни бонувон варзишгари Ветнам Зи Зат Нгуйен ва миёни мардҳо Игор Чжан аз Қазоқистон ғалаба карданд.

Дар рӯзи панҷум миёни бонувон се варзишгари тоҷик Аннасултон Аманова, Файзихон Суфиева, Мутриба Абдуҷалилова, миёни мардҳо бошад, чор варзишгари мо – Умедҷон Кузиев, Раҳимҷон Аминов, Ҷовидон Кузиев ва Андрей Булаев иштирок карданд.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи панҷум

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавондухтарони то 23-сола, 111км
1. Акпеиил Оссим (Қазоқистон), 3:11:37
2. Светлана Пачшенко (Қазоқистон), 3:11:37
3. Янина Кускова (Узбекистон), 3:11:37

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, бонувон, 111км
1. Зи Зат Нгуйен (Ветнам), 3:11:37
2. Махаббат Умутжанова (Қазоқистон), 3:11:37
3. Анжелина Соловёва (Қазоқистон), 3:11:37

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, 174км
1. Игор Чжан (Қазоқистон), 4:26:40
2. Нарийуки Масуда (Ҷопон), 4:26:40
3. Ҷамбалҷамтс Саинбайар (Муғулистон), 4:26:40

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, фардо - 30 март бо мусобиқаи инфиродии умумӣ миёни дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111км анҷом меёбад.