Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС ШИРКАТ МЕКУНАНД

20.01.2022

: 319

Тақвими мусобиқоти бокс дар соли 2022 бо баргузории Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 22-сола оғоз мегардад.

Рӯзҳои 21-30 январ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бори аввал Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад. Варзишгарони мард ва зан аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Тайланд, Ҷопон, Филиппин, Тоҷикистон, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия аз довталабони асосии медалҳо хоҳанд буд. Умуман, дар ин мусобиқа варзишгарони 16 кишвар ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс дар ҳайати 19 нафар (14 мард, 5 зан) ба Тошканд сафарбар гардиданд:

48кг – Усмонҷон Мирзоев
51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода
54кг – Искандарбек Рустамов
57кг – Хусравхон Раҳимов
60кг – Абдураҳмон Ёқубов
63,5кг – Файзалӣ Ғуломов
67кг – Расул Аҳадов
71кг – Хуршед Усвалиев
75кг – Абдумалик Болтаев
80кг – Некрӯз Салимов
86кг – Шаҳбоз Ҳайитов
92кг – Баҳман Расулов, Давлат Болтаев
+92кг – Муҳаммад Аброриддинов

48кг – Сумайя Қосимова
50кг – Руҳафзо Ҳақназарова
52кг – Ҳусния Холова
60кг – Умедахон Зокирова
63кг – Малика Нозимова

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Эмомалӣ Малаев, Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов, Равшан Ёқубов ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Акмалҷон Абдуллоев барои ҳакамии муҳорибаҳо ба ин мусобиқа даъват шудааст.

Пас аз санҷиши дархостҳои иштирок, ҷаласаи техникӣ ва қуръакашии расмӣ, маросими ифтитоҳи мусобиқа 21 январ баргузор мешавад. Рӯзи аввали мусобиқа 22 январ ва финал дар ду рӯз – 28 ва 29 январ ба нақша гирифта шудааст.

Занҳо дар 12 вазн - аз 48кг то +81кг, мардҳо дар 13 вазн - аз -48кг то +92кг муҳориба мекунанд.

Ҷадвали пурраи Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола (бо вақти маҳаллӣ):

20-21 январи соли 2022 – Рӯзҳои омад
21 январи соли 2022 - Санҷиши дархостҳои иштирок
21 январи соли 2022, соати 16:00 — Ҷаласаи техникӣ
21 январи соли 2022, соати 17:00 — Қуръакашии расмӣ
21 январи соли 2022, соати 18:00 — Маросими кушодашавӣ
22 январи соли 2022 - Муҳорибаҳои муқаддамотӣ
23-24 январи соли 2022 – Чорякфинал
25-26 январи соли 2022 – Нимфинал
27 январи соли 2022 - Рӯзи истироҳат
28-29 январи соли 2022 - Финал