Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАРИФОНИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ МАЪЛУМ ШУД

ҲАРИФОНИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ МАЪЛУМ ШУД ҲАРИФОНИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ МАЪЛУМ ШУД

17.01.2022

: 520

17 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими қуръакашии Лигаи чемпионҳои КФО баргузор шуд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба гурӯҳи “А” шомил шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин ғолиби бозии плей-офф миёни дастаҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Завраа” (Ироқ) ҳастанд.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб дар формати марказонидашуда аз 7 то 27 апрел доир мегардад. Дар асоси низомнома ғолибони 10 гурӯҳ аз ду минтақа, ҳамчунин 6 даста, ки бо нишондоди беҳтар ҷои дуюмро дар гурӯҳашон сазовор мешаванд, ба 1/8-финал роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври дигар баромадан, “Истиқлол” бозии даври 1/8-финалро 3 ё 4-уми феврали соли 2023 доир менамояд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022:

Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).
Гурӯҳи «В»: «Ал-Ҷазира» (АМА), «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон), «Эйр Форс» (Ироқ).
Гурӯҳи «С»: «Фулод Хузистон» (Эрон), «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Ғарафа» (Қатар).
Гурӯҳи «D»: «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Сипоҳон» (Эрон), «Пахтакор» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Тоун» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷайш» (Сурия).
Гурӯҳи «Е»: «Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Файсалӣ» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти плей-офф «Банияс» (АМА) – «Насаф» (Узбекистон).

Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «F»: «Шандонг Тайшан» (Чин), «Урава Ред Даймондс» (Ҷопон), «Лион Сити Сейлорс» (Сингапур), ғолиби ҷуфти плей-офф «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Бурирам Юнайтед» (Тайланд).
Гурӯҳи «G»: «Би Ҷи Патхум Юнайтед» (Тайланд), «Чоннам Дрэгонз» (Кореяи Ҷанубӣ), «Юнайтед Сити» (Филиппин), «Мелбурн Сити» (Австралия).
Гурӯҳи «Н»: «Чонбук Хёндэ Моторс» (Кореяи Ҷанубӣ), «Иокагама Ф. Маринос» (Ҷопон), «Хоаган Зялай» (Ветнам), ғолиби ҷуфти плей-офф 4-ум клуби Чин – 3-юм клуби Австралия/«Кайя Илоило» (Филиппин).
Гурӯҳи «I»: «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Гуанжоу» (Чин), «Ҷоҳор Дорул Тазим» (Малайзия), ғолиби ҷуфти плей-офф «Улсан Хёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Порт» (Тайланд).
Гурӯҳи «J»: «Шанхай Порт» (Чин), «Чианграй Юнайтед» (Тайланд), «Китчи» (Ҳонгконг), ғолиби ҷуфти плей-офф «Виссел Кобе» (Ҷопон) – 2-юм клуби Австралия/«Шан Юнайтед» (Мянма).