Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КМО ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КМО ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КМО ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

13.01.2022

: 709

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 11 январ сурат гирифт.

Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият дошт.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Раҳмонзода Абдулло доир гашт, қайд гардид, ки интихоби Мавзуна Чориева ба вазифаи директори генералии КМО Тоҷикистон пайравӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа ва тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ мебошад.

Дар ҷаласа, ҳамчунин сохтори Кумита тасдиқ ва масъалаҳои дигари корӣ баррасӣ гардиданд.