Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР СОЛИ 2022

04.01.2022

: 550

Соли 2021 бо тамоми бурду бохташ пушти сар шуд. Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо як сол таъхир аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор гардид, ки дар он ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 10 варзишгар иштирок намуд. Чандин мусобиқаҳои дигар бо сабаби пандемияи коронавирус ба вақти дигар гузаронида шуданд.

Соли 2022 чорабиниҳои ҷолиби варзишӣ доир хоҳанд шуд. Имсол бо Бозиҳои зимистонаи олимпӣ оғоз гардида, бо Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол анҷом меёбад. Мурури муҳимтарин чорабиниҳои варзишии соли 2022:

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ
24-ум Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Дар таърихи ҳаракати олимпӣ Пекин ягона шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои олимпӣ (2008) ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпиро (2022) мизбонӣ мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 95 давлати дунё дар назар аст. Онҳо барои 109 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд.

Ду варзишгари мо аз намуди лижаронӣ – Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати бозиҳо талош мекунанд.

Бозиҳои байналмилалии "Бачаҳои Осиё"
7-ум Бозиҳои варзишии "Бачаҳои Осиё" аз 27 июл то 8 август дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия ба нақша гирифта шудааст. Ба барномаи бозиҳо 19 намуди варзиш ворид аст. Дар бозиҳо варзишгарони 45 давлати қораи Осиё, инчунин минтақаҳои гуногуни Россия ширкат мекунанд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ моҳи августи соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд. Баъдан бо сабаби таъхири Бозиҳои олимпии Токио ба як моҳ дертар гузаронида шуд. Вале авҷи дигарбораи пандемияи коронавирус сабаб гардид, ки дастандаркорон эълон намуданд, бозиҳо соли 2022 баргузор мешавад.

Ҳамин тариқ, 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 9 то 18 август дар шаҳри Қунияи Туркия доир мегардад. Ба барнома бозиҳо 20 намуди варзиш – 16 намуди олимпӣ ва 4 намуди ғайриолимпӣ – ворид гардидааст. Дар бозиҳо варзишгарони беш аз 50 давлати дунё иштирок хоҳанд кард.

Бозиҳои Осиё
19-ум Бозиҳои Осиё 10-25 сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ба нақша гирифта шудааст. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид гардидааст: 28 намуди олимпии варзиш, 12 намуди ғариолимпӣ.

Беш аз 10 000 варзишгар аз 44 давлати қораи Осиё, инчунин варзишгарон аз давлатҳои Уқёнус дар баъзе намудҳои варзиш ширкат мекунанд. Ба варзишгарони қораи Уқёнус, ки ҷоизадор мешаванд, медалҳои ифтихорӣ супорида мешавад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол
Соли 2022 бо баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол анҷом меёбад. Мухлисони варзиши рақами 1-и ҷаҳон аз 21 ноябр то 18 декабр шоҳиди ҳунарнамоии беҳтарин футболбозони сайёра хоҳанд гашт.

Сабқатҳо миёни 32 дастаи беҳтарини ҷаҳон дар 5 шаҳри Қатар баргузор мешаванд. Қатар ба ин муносибат 8 варзишгоҳ сохт.

Бозиҳои Осиё миёни наврасон
Пас аз ду моҳи Бозиҳои Осиё, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Шантоу 3-юм Бозиҳои Осиё миёни наврасонро мизбонӣ мекунад. Варзишгарони навраси қора 20-28 декабр аз рӯи 15 намуди варзиш, аз ҷумла 12 намуди олимпӣ барои медалҳо мубориза мекунанд.