Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АЛИШЕР ҶАЛИЛОВ – БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗИ СОЛИ 2021!

27.12.2021

: 584

25 декабр дар Кохи “Парфенон” маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он беҳтаринҳои соли 2021 дар 5 номина эълон гардиданд.

Ҳамлавари дастаи “Пахтакор” (Ҷаббор Расулов) Далер Шарипов ҷоизаи “Чеҳраи умедбахш”-и лигаи футболи наврасони Тоҷикистон дониста шуд.

Капитани дастаи футзали “Соро компания” Файзалӣ Сардоров беҳтарин футболбози толорӣ эътироф гардид. Дар соли сипаришаванда Сардоров ҳамроҳи дастааш Суперҷоми Тоҷикистон, Ҷоми Тоҷикистон ва унвони чемпиониро сазовор гардиданд.

Ҳамлавари тими “Хатлон”-и Бохтар Лайло Ҳалимова беҳтарин футболбоз миёни бонувон эълон шуд. Ҳалимова соли равон дар ҳайати “Хатлон” медали тиллои лигаи футболи бонувони Тоҷикистонро ба даст оварда, бо 67 гол беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон оид ба футбол-2021 гардид.

Нимҳимоятгари тими миллии кишвар ва дастаи “Навбаҳор”-и Намангон (Узбекистон) Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози хориҷии Тоҷикистон дониста шуд.

Ва капитани тими “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии кишвар Алишер Ҷалилов ҷоизаи беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2021-ро сазовор шуд. Алишер қаблан соли 2019 ин ҷоизаро ба даст гирифта буд.

Дар соли сипаришаванда Алишер Ҷалилов дар ҳайати “Истиқлол” се ҷоиза ба даст овард - Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, Суперҷоми Тоҷикистон ва чемпионати Тоҷикистон. Илова бар ин, Ҷалилов яке аз созандагони муваффақиятҳои «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои AFC-2021 гардид, ки клуби Душанбе ба даври 1/8-финал баромад.