Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДУШАНБЕ 6-УМ АНҶУМАНИ CAFA БАРГУЗОР ШУД

ДАР ДУШАНБЕ 6-УМ АНҶУМАНИ CAFA БАРГУЗОР ШУД ДАР ДУШАНБЕ 6-УМ АНҶУМАНИ CAFA БАРГУЗОР ШУД ДАР ДУШАНБЕ 6-УМ АНҶУМАНИ CAFA БАРГУЗОР ШУД

17.12.2021

: 733

16 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе 6-ум Анҷумани Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор шуд. Дар кори анҷуман президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ширкат дошт.

Дар анҷуман, инчунин ноиби президенти CAFA Дастанбек Конокбоев (Қирғизистон), аъзои Кумитаи иҷроияи CAFA - Равшан Эрматов (Узбакистон) ва Меҳдӣ Тоҷ (Эрон), роҳбарон ва вакилони федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон ширкат доштанд. Намояндагони Федератсияи футболи Туркманистон ба таври онлайн иштирок карданд.

Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки ассотсиатсияҳои миллӣ, ки узви CAFA ҳастанд, дар рушди футболи минтақа нақши калидӣ доранд.

«Мубодилаи афкор оид ба рушди футбол дар минтақаи мо ва имкони мулоқот бо ҳамдигар барои ҳар яки мо хеле арзишманд аст, - гуфт Рустами Эмомалӣ. - Ду соли охир барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди футболи Осиёи Марказӣ бинобар пандемияи COVID-19 душвор буд. Таъсиси барномаи дастгирии молиявии Конфедератсияи футболи Осиё барои ассотсиатсияҳои минтақавӣ ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ имкон дод, ки имкониятҳои худро васеъ намуда, аз аввали соли 2021 ба таври доимӣ фаъолият намояд. Мо хурсандем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар шароити пандемия барои баргузории мусобиқаҳо байни синну соли гуногун кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Соли 2021 дар Душанбе се мусобиқаи CAFA баргузор шуд. Боварӣ дорам, ки ин муваффакиятҳо натиҷаи меҳнати коллективи ташкилот мебошад. Дар баробари ин мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин мусобиқот саҳм гузоштаанд, ташаккур гӯям ва ба федератсияҳои миллӣ барои дастгирӣ ва ҳамкориҳояшон изҳори сипос мекунам”.

- Дар соли 2022 мо нақша дорем, ки ҳашт мусобиқаро барои синну соли гуногун ташкил кунем. Иштирок дар ин мусобиқаҳо ба дастаҳои мунтахаби кишварҳои ширкаткунанда марҳилаи хуби омодагиро ба мусобиқоти интихобӣ таҳти сарпарастии AFC фароҳам меорад ва албатта, бозингарон метавонанд маҳорати худро такмил диҳанд. Мехоҳам таъкид намоям, ки ассотсиатсияҳои миллии Осиёи Марказӣ дар рушди футболи минтақа нақши калидӣ доранд. Дар кишварҳои минтақаи мо як қатор мусобиқаҳои AFC бомуваффақият гузаронида шуданд, ки эътибори созмонро боло бурд ва бори дигар собит кард, ки Конфедератсияи футболи Осиё ҳамеша ба мо умед баста метавонад. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба Конфедератсияи футболи Осиё барои боварӣ ва ҳамкории судманд изҳори сипос кунам. Бо вуҷуди баъзе мушкилот, федератсияҳои миллӣ, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, тавонистаанд дар фазои ҳамбастагӣ ҳамкорӣ намуда, дар рушд ва эҳёи футбол дар минтақа саҳм гузоранд. Умедворам, ки мо дар оянда низ дар рушду пешрафти футболи минтақа саҳмгузор бошем, - қайд кард президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.

Котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов оид ба фаъолияти CAFA дар соли 2021 ҳисобот дода, дар бораи мусобиқаҳо ва чорабиниҳое, ки имсол таҳти сарпарастии Ассотсиатсия баргузор мешаванд, муфассал суханронӣ намуд.

Инчунин дар анҷуман буҷаи CAFA барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Дар ҷамъбаст ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Эрматов пешниҳод кард, ки дар оянда мусобиқаи Ҷоми Наврӯз байни дастаҳои миллии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад. Ҳамчунин федератсияҳои миллии узви CAFA барои дар давраи оянда гузаронидани чемпионати ҷаҳон байни наврасон (U-17) ё ҷавонон (U-20) якҷоя ариза пешниҳод кунанд.