Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: МИҶГОНА САМАДОВА – ҒОЛИБИ ҶОМИ ҶАҲОН

11.12.2021

: 767

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.

Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Россия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал 7-уми декабр бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар чорякфинал 8-уми декабр бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал 9-уми декабр бар Малика Шаҳидова (Россия) ва дар финал 11-уми декабр бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.

Дар мусобиқа, 6 варзишгари дигарамон – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.