Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: КМВА - БАРАНДАИ МЕДАЛҲОИ БИРИНҶӢ

06.12.2021

: 623

30-юм Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар даври охир барандаи медалҳои биринҷӣ ва дуюм дастае, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян гардиданд.

Дастаи КМВА-и Душанбе дар даври 27-ум бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷои сеюмро дар чемпионати имсола сазовор шуд. Дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бошад, аз тими “Истиқлол” шикаст хурд (1:2) ва дар пайи тими “Душанбе” лигаи олиро дар мавсими оянда тарк мекунад.

Ҳамин тариқ, чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – тими “Хуҷанд” ва барандаи медалҳои биринҷӣ – тими КМВА дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳанд кард.

Натиҷаи бозиҳои даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ:

КМВА – «Хуҷанд» – 1:0
Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.

«Куктош» – «Истиқлол» – 1:2
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 12 (0:1). Алишер Ҷалилов, 41 (0:2). Амирҷон Сафаров, 43 (1:2).

«Эсхата» – «Равшан» – 1:0
Гол: Аҳрор Иноятов, 50.

«Душанбе» – «Истаравшан» – 0:2
Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 76 (0:1). Манучеҳр Ахмедов, 90 – аз пеналтӣ (0:2).

«Файзканд» – «Хатлон» – 2:1
Голҳо: Анвар Муродов, 4 (1:0). Изатулло Баҳриддинов, 73 (1:1). Анвар Муродов, 74 (2:1).

     Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х    
 1     "Истиқлол" (Душанбе)      27  21  5  1  78-9  68
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  27  17  4  6  52-26    55
 3  КМВА (Душанбе)  27  12  8  7  37-29  44
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)      27  12  6  9  30-25  42
 5  "Хатлон" (Бохтар)  27  10  6  11  30-33  36
 6  "Эсхата" (Хуҷанд)  27  9  3  15  33-49  30
 7  "Равшан" (Кӯлоб)  27  7  8  12  27-35  29
 8  "Файзканд" (Восеъ)  27  8  5  14  20-37  29
 9  "Куктош" (Рӯдакӣ)  27  7  5  15  38-58  26
 10  "Душанбе" (Душанбе)  27  4  6  17  23-67  18