Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДО: 3 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ НАВРАСИ КИШВАР ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

04.12.2021

: 599

Варзишгарони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё/Уқёнус, ки 2-3 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон доир шуд, 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ – шуданд.

Дар чемпионат 133 варзишгар (81 мард, 52 зан) аз 15 давлати қора ширкат карданд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 7 варзишгар (6 писар, 1 духтар) намояндагӣ карданд: Ҷасур Лутфушоев (50кг), Суруш Эркаев (-60кг), Муҳаммад Юсуфзода (-66кг), Суннатулло Мирзоев (-73кг), Сомонӣ Кишваров (-81кг), Парвиз Абдураҳмонов (+90кг).

Медали нуқраро Парвиз Абдураҳмонов сазовор шуд. Суруш Эркаев ва Муҳамад Юсуфзода сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Акнун 4-5 декабр қувваозмоиҳо миёни ҷавонон сурат мегирад. Дар ин синну сол 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлат иштирок менамоянд.

Ҷумҳурии моро 9 варзишгар миёни писарон намояндагӣ мекунанд: Хурсандқул Куганов (-66кг), Абубакр Шеров (-66кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг), Масъуд Аҳмадзод (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90кг), Мансур Раҳмон (-100кг), Давлатҷон Назриев (+100кг).