Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ-2022 ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ-2022 ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ-2022 ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ-2022 ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ-2022 ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД

30.11.2021

: 618

27 ноябр президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Осама Аҳмад Ал-Шафар бо сафари корӣ ба Душанбе омад.

Мақсад аз сафари ҳайати баландпояи Конфедератсияи велосипедронии Осиё ба Тоҷикистон муайян кардани ҷой ва шарту шароити баргузории аввалин Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар Душанбе буд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи баргузор кардани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ соли 2022 дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли равон дар мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Аҳмад Ал-Шафар мувофиқа шуда буд.

Дар робита ба баргузор кардани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ аз 25 то 28 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе миёни Конфедератсияи велосипедронии Осиё ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон шартнома ба имзо расид.

Велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар масофаи аз 150 то 240 километр ва велосипедронӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар масофаи 22 километр сурат мегирад. Макони баргузорӣ пас аз хулосаи ҳайати комиссияи техникӣ эълон карда мешавад.

Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Осама Аҳмад Ал-Шафар ва ҳайати ҳамроҳонаш, ҳамчунин ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карданд.