Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021: “ИСТИҚЛОЛ” ВА “ХУҶАНД” ДАР ФИНАЛ

29.11.2021

: 613

Дар финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол-2021, ки 9-уми декабр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати кишвар “Хуҷанд”-и Хуҷанд вомехуранд.

Дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 “Истиқлол” бар “Эсхата” бо ҳисоби 3:0 (натиҷаи ду бозӣ – 7:3) ғалаба кард. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома заданд.

Дар бозии дигари нимфинал “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирокаш дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Тими “Хуҷанд” бо шарофати пирӯзии калон (4:0) дар бозии аввал ба финал баромад.

Қаблан дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ду маротиба бозӣ кардаанд. Соли 2010 тими Душанбе бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 тими Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.

“Истиқлол” дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба - 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, «Хуҷанд» чор маротиба – 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 дар Ҷоми Тоҷикистон ғолиб гаштаанд.