Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021: ТОҶИКИСТОН ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТ

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021: ТОҶИКИСТОН ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021: ТОҶИКИСТОН ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021: ТОҶИКИСТОН ҶОИ ДУЮМРО ГИРИФТ

24.11.2021

: 584

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола, ки аз 17 то 23 ноябр дар Душанбе баргузор шуд, сазовори медали нуқра шуд.

Дар даври сеюми чемпионати шогирдони Зайниддин Раҳимов бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Масрур Ғафуров дар дақиқаи 58 зад.

Дар бозии дигар тими наврасони Эрон бар тими Қирғизистон пирӯз шуд – 8:0.

Ҳамин тариқ, дастаҳои Эрон ва Тоҷикистон 7-холӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо Эрон ҷои якум ва Тоҷикистон ҷои дуюмро сазовор шуданд. Ҷои сеюм насиби тими наврасони Узбекистон гардид.

Чемпионати CAFA-2021 миёни мунтахабҳои наврасон (U-15)

1-ум давр

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 5:0
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналтӣ (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).

Узбекистон – Эрон – 2:3

2-юм давр

Эрон – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Алӣ Раҳмоннажод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналтӣ (1:1).

Қирғизистон – Узбекистон – 2:2

3-юм давр

ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 1:0
Гол: Масрур Ғафуров, 58.

Эрон – Қирғизистон – 8:0

     Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х   
 1    Эрон     3  2  1  0  12-3   7
 2  ТОҶИКИСТОН       3  2  1  0  7-1  7
 3  Узбекистон  3  0  1  2  4-6  1
 4  Қирғизистон  3  0  1  2  2-15  1

Кумитаи тадорукот дар ҷамъбаст беҳтаринҳоро муайян карданд. Исмоил Ғолизода Сомион (Эрон) беҳтарин бозингар, Абубакр Сулаймонов (Тоҷикистон) беҳтарин нишонзан дониста шуданд.