Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЪЛИМОТИ ОЛИМПӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН

ТАЪЛИМОТИ ОЛИМПӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН ТАЪЛИМОТИ ОЛИМПӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН ТАЪЛИМОТИ ОЛИМПӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН ТАЪЛИМОТИ ОЛИМПӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН ТАЪЛИМОТИ ОЛИМПӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН

22.11.2021

: 624

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Барномаи “Арзишҳои олимпӣ – ташаббусҳо”-и Ҳамбастагии олимпиро миёни хонандагони 10 муассисаи таҳсилоти умумии пойтахт амалӣ мекунад.

Бо ин мақсад 17-21 ноябр дар қароргоҳи Кумита марҳилаи аввали лоиҳа – семинари омӯзишӣ барои муаллимони тарбияи ҷисмонии 10 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Мутахассисони Кумита дар мавзуъҳои гуногун – “Ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон”, “Бунёдгузори Бозиҳои олимпӣ”, “Арзишҳои олимпӣ” ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуданд. Онҳо ҳамчунин дар Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” бо дастоварди варзишгарони тоҷик шинос шуда, соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гардиданд.

Акнун, дар марҳилаи дуюм, муаллимон дар мактабҳо бо хонандагон доир ба мавзуъҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ машғулиятҳо гузаронида, мусобиқаҳо ташкил мекунанд. Дар доираи лоиҳа хонандагони 10 мактаб бо дастурамали омӯзишӣ, лавозимоти варзишӣ, муаллимон бошанд, бо маводи дафтардорӣ таъмин мегарданд.