Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” – ЧЕМПИОНИ ДАҲКАРАТАИ ТОҶИКИСТОН

22.11.2021

: 545

Дар доираи бозиҳои даври 25-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истиқлол” бар дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 8:0 пирӯз ва пеш аз муҳлат чемпиони Тоҷикистон шуд. Ин даҳум маротиба аст, ки тими “Истиқлол”-и Душанбе ба унвони чемпионӣ мерасад.

Қаблан клуби Душанбе медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистонро дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ба даст оварда буд.

Ҳамчунин, пеш аз анҷоми чемпионат, ки ду давр мондааст, тими “Душанбе” аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои мавсими ояндаи лигаи олӣ маҳрум шуд. Дастаи дигаре, ки лигаи олиро тарк мекунад, мумкин аст “Эсхата”, “Файзканд” ё “Куктош” бошад.

Медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат насиби тими “Хуҷанд” шуд. Дастаҳои “Истаравшан” ва КМВА барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Фардо – 23 ноябр – ин ду даста дар Истаравшан бо ҳам вомехуранд.

Натиҷаҳои даври 25-уми лигаи олӣ тариқи зайл аст:

«Истиқлол» – «Душанбе» – 8:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 4 (1:0). Алишер Ҷалилов, 6 (2:0). Рустам Соиров, 38 (3:0). Рустам Соиров, 49 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 56 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 77 (6:0). Манучеҳр Ҷалилов, 79 (7:0). Рустам Соиров, 84 (8:0).

«Хуҷанд» – «Равшан» – 3:1
Голҳо: Далер Ёдгоров, 30 (1:0). Дилшод Бозоров, 60 (2:0). Парвизҷон Алиев, 65 (3:0). Алиҷон Алиаҳмадов, 88 (3:1).

КМВА – «Хатлон» – 0:0

«Эсхата» – «Истаравшан» – 1:2
Голҳо: Илҳомҷон Баротов, 36 (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 75 (1:1). Илҳомҷон Баротов, 88 (1:2).

«Файзканд» – «Куктош» – 1:0
Гол: Абдухалил Боронов, 70.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                  Б       Ғ       М       Б       Т-Т       Х    
 1  "Истиқлол" (Душанбе)                        24  19  4  1  71-8  61
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  24  16  3  5  50-24  51
 3  КМВА (Душанбе)  25  11  7  7  36-29      40
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)  25  11  5  9  28-25  38
 5  "Хатлон" (Бохтар)  25  9  6  10  26-30  33
 6  "Равшан" (Кӯлоб)  25  7  8  10  25-31  29
 7  "Эсхата" (Хуҷанд)  25  8  3  14  31-47  27
 8  "Файзканд" (Восеъ)  25  7  5  13  18-31  26
 9  "Куктош" (Рӯдакӣ)  25  6  5  14  34-54  23
 10  "Душанбе" (Душанбе)  25  4  6  15  22-62  18