Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДУБАЙ 40-УМ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ОСА БАРГУЗОР ШУД

22.11.2021

: 109

Шӯрои олимпии Осиё дар 40-ум Ассамблеяи генералӣ 21 ноябр дар Дубай ду бозии дигарро ба тақвими худ илова кард.

Кумитаи миллии олимпии Камбоҷа дар бораи ташкил кардани 5-ум Бозиҳои осиёии наврасон дар Пномпен соли 2029 бо Шӯрои олимпии Осиё шартномаи шаҳри мизбонро ба имзо расонд. Ин барои Камбоҷа бори аввал аст, ки мизбони як чорабинии ОСА мешавад.

Дар ҷаласа, ҳамчунин шаҳри мизбони Бозиҳои Осиё-2034 – Риёзи Арабистони Саудӣ аз Ассамблеяи генералӣ дархост кард, ки мизбонии Бозиҳои 7-уми осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2025 тасдиқ шавад. Нуҳ сол пеш аз ташкили Бозиҳои 32-юми Осиё ба Риёз як чорабинии озмоишӣ фароҳам омад.

Ду илова тақвими варзишии OCA-ро пурра намуданд. Бозиҳои Осиё аллакай барои чор нашри оянда таъмин карда шудааст: 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин дар моҳи сентябри соли 2022; 20-ум Бозиҳои Осиё дар Аичи-Нагаяи Ҷопон соли 2026; 21-ум Бозиҳои Осиё дар Доҳаи Қатар соли 2030 ва 32-юм Бозиҳои Осиё дар Риёзи Арабистони Саудӣ дар соли 2034.

Ассамблеяи генералӣ соли дуюм аст, ки дар формати гибридӣ баргузор шуд. Аз 44 Кумитаи миллии олимпӣ 30-тои онҳо ҳузуран ва 14-тоаш тавассути конфронси видеоӣ онлайн ҳамроҳ шуданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа ноиби Президент Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ карданд.

Дар ҷаласа, инчунин намояндагони мақомоти роҳбарикунандаи қораҳои Уқёнус ва Африқо, инчунин аъзои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) иштирок доштанд.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах онлайн баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки доштани се Бозиҳои олимпии пайиҳам дар Осиё - Пйонгчан-2018, Токио-2020 ва Пекин-2022 – боиси тақвият ёфтани инфрасохтори қавии қора мешавад.

“Мо даст ба даст мегирем, то нақши варзишро дар ҷомеа таҳким бахшем ва ин ба мо имкон медиҳад, ки рисолати муштараки худро дар хидмати башарият беҳтар иҷро кунем, - иброз намуд Томас Бах. - Бинобар ин, ман мехоҳам тамоми оилаи OCA-ро таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи президент Рандҳир Сингҳ барои пешбарии варзиш дар саросари Осиё табрик намоям. Дар ин роҳ шумо метавонед ба тамоми дастовардҳое, ки таҳти роҳбарии президенти ОСА Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба даст оварда шудаанд, такя кунед. Ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ва варзишгарони шумо дар навиштани таърих дар Токио нақши муҳим бозиданд. Ин чизест, ки ҳамаи шумо бо он фахр карда метавонед. Бе азму иродаи шумо ин Бозиҳои олимпӣ ин қадар бомуваффақият ва бехавф намешуд. Аз ин рӯ, лутфан ташаккури самимии маро барои саҳми бебаҳоятон дар муваффақияти ин Бозиҳои олимпӣ қабул кунед”, - гуфт Томас Бах.

Дар ҷараёни ҷаласа гузоришҳои кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои Осиё-2022, 2026, 2030, 2034, Бозиҳои осиёии наврасон-2025, 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ, Бозиҳои соҳилии Осиё шунида шуд.