Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ КМОТ БО ОРДЕНИ ФАХРИИ ОСА САРФАРОЗ ШУД

КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ КМОТ БО ОРДЕНИ ФАХРИИ ОСА САРФАРОЗ ШУД КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ КМОТ БО ОРДЕНИ ФАХРИИ ОСА САРФАРОЗ ШУД

22.11.2021

: 633

Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо дар баробари собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Лубнон генерал Суҳайл Хурӣ ва президенти Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван Рам Шрестҳа бо Ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) сарфароз гардид.

Дар 40-умин Ассамблеяи генералии ОСА, ки 21 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, ин сегона аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA Раҷа Рандҳир Сингҳ ва вазири варзиши Аморати Муттаҳидаи Араб, доктор Аҳмад Абдулло Ҳумайд Абдулло Белҳул барои хизматҳои бебаҳояшон дар рушди варзиши қора қадрдонӣ шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллозода аз соли 1993 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон (то соли 1998), сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (1998-2003), иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералӣ (2003-2005), Директори генералӣ (2005-2009), сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (2009-2013) ва Директори генералӣ (то январи 2017) кор кардааст. Дар Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2017 бо пешниҳоди Президенти Кумита, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ин давраи фаъолияташ дар бисёр Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё роҳбари ҳайати олимпии Тоҷикистон буд, аз ҷумла, дар Бозиҳои олимпии солҳои 2008, 2012, 2016, ки варзишгарони мо сазовори медал шуданд.

Абдуллозода Муҳаммадшо, ҳамчунин бо медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардидааст.