Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ЧЕМПИОНАТИ CAFA-РО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

20.11.2021

: 550

Дар бозии аввали Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бар тими наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд.

Бо шарофати ду голи Абубакр Сулаймонов, голҳои Амирхон Ҷалолов, Азиз Зарифӣ ва Билол Бобоев мунтахаби мо се хол ба даст овард.

Дар бозии дигари даври аввали чемпионати CAFA-2021 мунтахаби наврасони Эрон бар тими Узбекистон ғолиб омад – 3:2.

Бозиҳои даври дуюм 21 ноябр баргузор мешаванд. Соати 12:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии Қирғизизистон - Узбекистон, соати 15:00 вохӯрии Эрон – Тоҷикистон шуруъ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.