Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАҲФИЛИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР СОЛИ 2021 ДОИР ШУД

МАҲФИЛИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР СОЛИ 2021 ДОИР ШУД МАҲФИЛИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР СОЛИ 2021 ДОИР ШУД МАҲФИЛИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР СОЛИ 2021 ДОИР ШУД МАҲФИЛИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР СОЛИ 2021 ДОИР ШУД МАҲФИЛИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР СОЛИ 2021 ДОИР ШУД МАҲФИЛИ КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ДАР СОЛИ 2021 ДОИР ШУД

20.11.2021

: 726

17-20 ноябр дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маҳфили омӯзишии Комиссияи варзишгарон баргузор шуд.

Дар маҳфил, ки дар доираи Гранти Ҳамбастагии олимпӣ барои фаъолияти Комиссияи варзишгарон доир гашт, аъзои комиссия аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат карданд.

Иштирокчиёни маҳфил давоми се рӯз бо роҳбарии раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ Мавзуна Чориева ва мутахассисони КМОТ масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти варзишгаронро баррасӣ карданд.

Котиби генералии КМО Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо дар суҳбат бо иштирокчиёни маҳфил нақши варзишгаронро дар ҳаркати олимпӣ муҳим арзёбӣ карда, иброз намуд, ки бо тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ имрӯз варзишгарон овоз доранд ва садои онҳо аз ҷониби роҳбарияти ташкилотҳои варзишӣ шунида мешавад. Аз ҷумла соли 2019 дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Комиссияи варзишгарон таъсис ёфт ва имсол ду нафари онҳо ба узвияти Ассамблеяи генералӣ ва як нафарошон ба узвияти Кумитаи иҷроия интихоб шуданд.

Котиби генералии КМОТ, ҳамчунин доир ба масъалаи допинг суҳбат карда, иштирокчиёнро бо тарзи гирифтани намуна барои ташхиси допинг, намудҳо ва муҳлатҳои ҷазо, инчунин тарзи кори системаи ADAMS, ки аз ҷониби Агентии ҷаҳонии зидди допинг назорат карда мешавад, маълумот дод.

Директори генералии КМОТ Эркин Латипов бошад, ба иштирокчиёни маҳфил оид ба сохтори федератсияҳои варзишӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки тибқи талаботи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дар баробари Кумитаи миллии олимпӣ, ҳамчунин ҳамаи федератсияҳои варзишӣ бояд комиссияи варзишгарон дошта бошанд ва онҳо дар мақомоти роҳбарикунанда дорои ҳуқуқи овоз бошанд.

Мутахассиси КМОТ Умаралӣ Сафаралӣ доир ба Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва дастгирии варзишгарон маълумот пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки КБО тавассути барномаҳои гуногун варзишгаронро дастгирӣ мекунад, ки яке аз онҳо дастгирии молиявии варзишгарон мебошад. Ҳамчунин варзишгарон дар сатҳи миллӣ аз ҷониби давлат пуштибонӣ меёбанд. Соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт, ки то имрӯз он ба 169 варзишгар тақдим шудааст. Маблағи умумии ҷоиза давоми 6 сол 3 942 500 сомониро ташкил дод.

Маҳфили Комиссияи варзишгарони КМОТ бо тартиб додани нақшаи кор барои соли 2022 анҷом ёфт.