Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶИУҶИТСУ: ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИНАТИ ҶАҲОН БО 6 МЕДАЛ БАРГАШТАНД

17.11.2021

: 547

Дар шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.

Дар чемпионат, ки аз рӯи се синну сол – наврасони то 16-сола, ҷавонони то 18-сола ва то 21-сола, ҳамчунин миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сурат гирифт, 1263 варзишгар аз 60 давлат ширкат карданд.

Аз ҷумла тими мунтахаби ҷиуҷитсуи Тоҷикистон дар ҳайати 13 варзишгар дар ин чорабинӣ ширкат карда, 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ – ба даст овард.

Медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ Баротов дар вазни -50кг миёни наврасони то 16-сола сазовор шуд. Дар ин синну сол Фотимахон Гадоева дар вазни -48кг медали нуқра ба даст овард. Медали дуюми нуқраро Абдуманнон Раҳимов дар вазни -77кг миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд соҳиб шуд. Мансур Сабуров дар вазни -38кг миёни наврасони то 16-сола, Файзалӣ Мирзоев дар вазни -50кг ва Суннатулло Набиев дар вазни +81кг миёни ҷавонони то 18-сола ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуданд.