Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ТАБРЕЗШОҲ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО

15.11.2021

: 713

Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Узбекистон Табрезшоҳ Парпишоев дар самбои размӣ, вазни 79кг ба гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ мушарраф шуд. Ӯ дар нимфинал аз варзишгари мизбон Фурқат Рӯзиев мағлуб гардид.

Ҳамин тариқ, тими мунтахаби самбои Тоҷикистон чемпионати ҷаҳонро бо се медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ – анҷом дод.

Тавре хабар дода будем, дар рӯзи аввали рақобатҳо, дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (-58кг) ба гирифтани медали тилло, Хушқадам Хусравов (-64кг) ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 12-14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд. Аз ҷумҳурии мо 12 нафар – 11 мард, як зан дар ин чорабинӣ ширкат карданд.

Фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 231 000 долларро ташкил дод. Чемпионҳо 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА ҷоиза гирифтанд.

Акмалиддин Каримов панҷум нафар аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар намуди самбо ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон шарафёб мешавад. Соли 2005 Сайриддин Икромов, соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ чемпиони ҷаҳон шуда буданд.

Умуман, самбочиёни мо аз соли 1993 дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд ва то имрӯз 48 медал – 5 тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ – ба даст овардаанд.