Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АКМАЛИДДИН КАРИМОВ - ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО

АКМАЛИДДИН КАРИМОВ - ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО АКМАЛИДДИН КАРИМОВ - ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО

13.11.2021

: 143

Варзишгари маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самбо даст ёфт. Хушқадам Хусравов ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 12 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуд ва то 14 ноябр идома меёбад.

Аз ҷумҳурии мо 14 нафар – 7 нафар дар самбои варзишӣ миёни мардҳо, як нафар миёни бонувон ва 6 нафар дар самбои размӣ дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд.

Рӯзи аввал 3 варзишгарамон – Акмалиддин Каримов дар вазни -58кг, Хушқадам Хусравов дар вазни -64кг миёни мардон, Шоҳида Қаландарова дар вазни -59кг миёни бонувон гуштин гирифтанд ва ду медал ба даст оварданд – 1 тилло, 1 нуқра.

Акмалиддин Каримов дар 1/8-финал бар варзишгари Тринидад ва Тобаго Тирон Черлес, дар ¼-финал бар намояндаи Марокаш Ясир Боуҳиссун, дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Болатбек Раимқулов ва дар финал бар намояндаи Россия Саян Хертек ғалаба карда, медали тиллои чемпионати ҷаҳонро сазовор шуд.

Варзишгари дигарамон, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2018 Хушқадам Хусравов медали нуқра гирифт. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари Қирғизистон Мадор Мақсадбекуулу, дар 1/8-финал бар намояндаи ШМА Николай Козитский, дар ¼-финал бар Майкл Расои итолиёӣ, дар нимфинал бар Александр Куликовский аз Россия пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар финал аз варзишгари Қазоқистон Роҳат Жананиет мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.

Шоҳида Қаландарова дар рақобати аввалаш аз варзишгарбонуи Руминия Анда Валвой шикаст хурда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд.

Фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 231 000 долларро ташкил медиҳад. Чемпионҳо 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА ҷоиза мегиранд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо варзишгарон аз 50 давлат иштирок доранд.

Имрӯз Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни -71кг, Ҳамроз Раҷабов дар вазни -79кг, Зафар Олимшоев дар вазни -88кг-и самбои варзишӣ ва Бобохон Мирзозода дар вазни -58кг, Сорбон Латифов дар вазни 64кг-и самбои размӣ қувваозмоӣ мекунанд.