Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: НАТИҶАИ БОЗИҲОИ ДАВРИ 24-УМ

04.11.2021

: 603

Пас аз танаффуси якмоҳа 3-4 ноябр бозиҳои даври 24-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

“Истаравшан” дар майдони худ аз тими “Хуҷанд» бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Шаҳзодҷон Маъмурҷонов дар дар дақиқаи 45 ҳисобро ба нафъи мизбонон кушод. Дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввал бозингари «Хуҷанд» Комрон Турсунов аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 59-ум Олимҷон Каримов голи пирӯзиро зад.

«Хатлон» бар тими «Эсхата» низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои бохтариҳоро Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов заданд. Голи «Эсхата»-ро Ҷаҳонгир Эргашев муаллифӣ намуд.

Дар бозии дигар «Истиқлол» тими КМВА-ро шикаст дод – 3:1. Рёта Нома дар дақиқаи 6 ҳисобро ба нафъи дастаи пойтахт кушод. Ҳамдастагонаш Андрей Мишенко дар дақиқаи 15 ва Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 21 аз пеналтӣ ду голи дигар заданд. Ба се голи истиқлолиҳо бозингари тими артиш Шарафҷон Солеҳов бо як гол ҷавоб дод.

Дар дербии минтақаи Кӯлоб «Равшан» бар тими «Файзканд» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Тими Кӯлоб бо шарофати зарбаҳои нишонраси Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Эффаҳ Кингслей Осей соҳиби се хол гардид.

«Куктош» дар бозии хонагӣ бар тими «Душанбе» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими «Куктош» Азизбек Султонов ду гол, Амирҷон Сафаров як гол заданд.

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 24 даври бозиҳо «Истиқлол» бо 55 хол пешсаф аст. «Хуҷанд», ки 45 хол дорад, дар ҷои дуюм, КМВА бо 36 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври навбатии лигаи олӣ 19, 20 ва 21 ноябр ба нақша гирифта шудааст. 19 ноябр «Файзканд» бо «Куктош», 20 ноябр «Эсхата» бо «Истаравшан», КМВА бо «Хатлон» ва 21 ноябр «Хуҷанд» бо «Равшан», «Душанбе» бо «Истиқлол» вомехуранд.

ҶОЙ   

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т-Т

О

1.

ИСТИҚЛОЛ” (ДУШАНБЕ)

22

17

4

1

60-8

55

2.

ХУҶАНД” (ХУҶАНД)

22

14

3

5

45-22

45

3.

КМВА (ДУШАНБЕ)

23       

10     

6      

7      

34-29      

36

4.

ИСТАРАВШАН” (ИСТАРАВШАН)            

23

9

5

9

25-24

32

5.

ХАТЛОН” (БОХТАР)

23

9

5

9

25-28

32

6.

РАВШАН” (КӮЛОБ)

23

7

8

8

24-27

29

7.

ЭСХАТА” (ХУҶАНД)

23

8

3

12

30-42

27

8.

КУКТОШ” (РӮДАКӢ)

23

6

5

12

34-51

23

9.

ФАЙЗКАНД” (ВОСЕЪ)

23

5

5

13

16-31

20

10.

ДУШАНБЕ” (ДУШАНБЕ)

23

4

6

13

22-53

18