Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧҶ ОИД БА БОКС МИЁНИ БОНУВОН-2021 ДАР ИСТАНБУЛ ДОИР МЕШАВАД

04.11.2021

: 634

12-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон 4-19 декабри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор мешавад.

Макони баргузории чемпионат маҷмааи варзишии “Басаксеҳир” интихоб шудааст, ки шароити тамрин ва машқи баданро дорад. Инчунин дар атрофи маҷмаа ҳавзи шиноварӣ низ ҳаст.

Муҳорибаҳо 7 декабр оғоз мегардад, қисмати финалиро бошад, 18 декабр метавон тамошо кард.

Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо, барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: ҷои аввал - 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм - 25 000 доллари ИМА.

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон соли 2001 – бист сол пеш – дар Скрэнтони ШМА доир гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия, Подолск, Деҳлӣ (ду маротиба), Нинбо, Бриҷтоун, Синхуандао, Ҷеҷу, Остона ва Улан-Удэ мизбони ин чорабинӣ буданд.

Бонувон дар Истанбул аз рӯи 12 категорияи вазнӣ сабқат мекунанд: 48кг; 50кг; 52кг; 54кг; 57кг; 60кг; 63кг; 66кг; 70кг; 75кг; 81кг; +81кг.