Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШАШ ҶУДОЧИИ ТОҶИК ДАР “BAKU GRAND SLAM” ИШТИРОК МЕКУНАНД

03.11.2021

: 596

5-7 ноябр сайри ҷаҳонии ҷудо бо мусобиқаи “Baku Grand Slam” идома меёбад.

Дар мусобиқа иштироки 198 варзишгар (130 мард, 68 зан) аз 30 давлат дар назар аст. Аз ҷумҳурии мо шаш варзишгар ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар мегарданд:

-73кг - Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ
-81кг - Хушвақт ИДИЕВ
-81кг - Ҳақназар НАЗАРОВ
-90кг - Амирҷони НАСИМҶОН
-90кг - Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
+100кг - Темур РАҲИМОВ

Чун анъана мусобиқа бо нерӯсанҷиҳо дар се вазн миёни бонувон (-48кг; -52кг; -57кг) ва ду вазн миёни мардҳо (-60кг; -66кг) шуруъ мешавад. Дар рӯзи дуюм бонувони вазнашон -63кг; -70кг ва мардҳои вазнашон -73кг; -81кг гуштин хоҳанд гирифт. Дар рӯзи сеюм мухлисон шоҳиди ҳунарнамоии бонувон дар вазнҳои -78кг; +78кг ва мардҳои дар вазнҳои -90кг; -100кг; +100кг мегарданд.

Барои ғолибон ва ҷоизадорон мукофоти пулӣ низ дар назар гирифта шудааст. Варзишгарон барои ҷои аввал бо 5000 евро, барои ҷои дуюм бо 3000 евро ва барои ҷои сеюм бо 1500 евро тақдир мешаванд.