Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ТОШКАНД ФОРУМИ МИНТАҚАВИИ РОҲБАРОНИ КМО ДОИР МЕШАВАД

02.11.2021

: 530

Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд форуми солонаи роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, Балтика ва Гурҷистон доир мешавад.

Дар форум 34 намояндаи 14 кумитаи миллии олимпии минтақаи мазкур ширкат доранд. Ҷумҳурии моро котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунад.

Мақсад аз баргузории форуми минтақавӣ, ки бо дастгирии Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор мешавад, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни давлатҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон дар соҳаи варзиш мебошад.

Дар ҷаласа гузоришҳо шунида шуда, таклифу пешниҳодҳо оид ба рушди бештари варзиш дар минтақа манзур мегардад, инчунин нақшаи нави стратегӣ муҳокима хоҳад шуд.