Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“СОРО КОМПАНИЯ” – ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН-2021

01.11.2021

: 126

Дастаи “Соро компания”-и Душанбе ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 гардид.

“Соро компания” дар бозии панҷуми даври финалӣ бар тими “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои тими ғолибро Файзалӣ Сардоров ва Пайрав Воҳидов заданд.

Ҳамин тариқ, “Соро компания” маротибаи сеюм унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шуд. Дастаи Душанбе қаблан солҳои 2018 ва 2019 сазовори медалҳои тилло шуда буд.

Медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 насиби футболбозони “Сипар” ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Пойтахт” гардид.