Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР НАМАНГОН 26 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР НАМАНГОН 26 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР НАМАНГОН 26 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

01.11.2021

: 516

27-31 октябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон 2-юм мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таеквондо (WT) доир шуд.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Мусобиқа миёни кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014, 2008-2010, наврасони соли таваллудашон 2005-2007 ва калонсолон сурат гирифт. Шумораи иштирокчиён 2300 нафарро ташкил дод.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 61 нафар – 46 писар, 15 духтар – ба Намангон сафарбар гардиданд ва 26 медал ба даст оварданд.

Тавре хабар дода будем, варзишгарони мо дар рӯзи аввали ин мусобиқа миёни калонсолон сазовори 9 медал - 3 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.

Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг, Муниса Ойматова дар вазни -49кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73кг ба даст оварданд.

Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Сипас таеквондочиёни мо миёни наврасону кӯдакон боз 17 медали дигар – 2 тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ гирифтанд.

Азимҷон Абдуллоев, Исмоил Исроилзода бо медали тилло, Анвар Аҳмадзода, Ёқубҷон Маҳмадёров, Қобилҷон Маҳмадёров, Руҳангез Аҳмадова, Самад Амиршоев бо медали нуқра, Осиямоҳ Солиҳова, Меҳрнигор Шарипова, Нурина Алиназарова, Билол Зокиров, Собит Негматов, Абубакр Каримов, Муҳаммад Шарипов, София Негматова, Ясмина Тоирова, Сиёвуш Нозимов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳамчунин, намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов беҳтарин варзишгари мусобиқа ва Далер Фозилов беҳтарин мураббӣ дониста шуданд.