Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ БОКС: НОКОМИИ ҶАҲОН ВА АБДУРАҲМОН ДАР 8/1-ФИНАЛ

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ БОКС: НОКОМИИ ҶАҲОН ВА АБДУРАҲМОН ДАР 8/1-ФИНАЛ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ БОКС: НОКОМИИ ҶАҲОН ВА АБДУРАҲМОН ДАР 8/1-ФИНАЛ

01.11.2021

: 626

Дар рӯзи ҳафтуми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки 24 октябр дар шаҳри Белгради Сербия оғоз шуд, муҳорибаҳои даври ҳаштякфинал доир гашт.

31 октябр ду варзишгарамон муҳориба карданд ва ноком шуданд. Дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон Ёқубов дар рақобати аввалаш Роланд Велес (Венгрия) ва Ҷаҳон Қурбонов Элли Очола (Кения)-ро мағлуб карда буданд.

Ҳамин тариқ, шаш варзишгарамон иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардонро анҷом доданд.

Имрӯз – 1 ноябр дар даври ҳаштякфинал ду варзишгари бомаҳоратамон, иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг мешаванд. Ҳарифи Шаббос Негматуллоев Кейлан Кассидӣ аз Ирланд ва ҳарифи Баҳодур Усмонов Сомчай Вонгсуван аз Тайланд ҳастанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегирад.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.