Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУВАФФАҚИЯТИ ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР НАМАНГОН

МУВАФФАҚИЯТИ ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР НАМАНГОН МУВАФФАҚИЯТИ ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР НАМАНГОН МУВАФФАҚИЯТИ ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР НАМАНГОН

29.10.2021

: 945

27 октябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон 2-юм мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таеквондо (WT) оғоз шуд, ки то 31 октябр идома меёбад.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Мусобиқа миёни кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014, 2008-2010, наврасони соли таваллудашон 2005-2007 ва калонсолон сурат гирифт. Шумораи иштирокчиён 2300 нафарро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 61 нафар – 46 писар, 15 духтар – ба Намангон сафарбар гардиданд. Онҳоро мураббиён Исломиддин Фозилов, Давлатмурод Каримов, Фарҳод Негматов, Далер Фозилов, Муҳиддин Ҳотамов ва Файзбахш Шоев ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳамчунин чор довари тоҷик рақобатҳоро ҳакамӣ мекунанд.

Варзишгарони мо дар рӯзи аввали ин мусобиқа миёни калонсолон сазовори 9 медал - 3 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.

Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг, Муниса Ойматова дар вазни -49кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73кг ба даст оварданд.

Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.