Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН НЕПАЛРО НИЗ МАҒЛУБ НАМУД

29.10.2021

: 543

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” дастаи Непалро шикаст дод.

Дидори дастаҳо 28 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, футболбозони мо ба дарвозаи Непал 6 голи беҷавоб заданд.

Голҳои задаи Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷона Солеҳов, Рустам Соиров, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Ваҳдата Ханонов ва Эмомалӣ Аҳмадхон ба мунтахабон иқбол оварданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” тими Эрон бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Акнун дар даври ҷамъбастии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” 31 октябр мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони эрониашон вомехуранд. Барои баромадан ба марҳилаи финалӣ ба мунтахаби мо ҳисоби мусовӣ басанда аст.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)
Гурӯҳи «В». 2-юм давр

Непал – ТОҶИКИСТОН – 0:6
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 24 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 32 (0:2). Рустам Соиров, 39 (0:3). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 61 (0:4). Ваҳдат Ханонов, 68 – аз пеналтӣ (0:5). Эмомалӣ Аҳмадхон, 72 (0:6).

Ҳайати Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров (Хуршед Абдуллоев, 46), Ваҳдат Ханонов (Муҳаммадҷон Насков, 70), Алиҷон Кароматуллозода, Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов, Шервонӣ Мабатшоев (Шоҳрух Сангов, 46), Муҳаммадалӣ Азизбоев, Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе (Сорбон Авғонов, 43), Рустам Соиров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 60).

Сардовар: Аммар Есам Ашканани (Кувайт).

28 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4500 мухлис.


Лубнон – Эрон – 0:2

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    ТОҶИКИСТОН         2  2  0  0  7-0  6
 2  Эрон  2  2  0  0  6-0  6
 3  Лубнон  2  0  0  2  0-3  0
 4  Непал  2  0  0  2  0-10    0


3-юм давр
31 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Непал
19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН