Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧҶ-2021 МИЁНИ ҶАВОНОН ШИРКАТ МЕКУНАНД

28.10.2021

: 172

Се гуштингири тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола иштирок мекунанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар Шаҳри Белгради Сербия доир мегардад. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) дар чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳанд кард.

Аз ҷумҳурии мо се нафар – Муҳаммад Икромов (57кг), Мустафо Ахмедов (70кг) дар гуштини тарзи озод ва Далер Ризозода (77кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ ба Белград сафарбар гардиданд.

Тибқи барнома чемпионат 1-уми ноябр бо қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ (ЮР) оғоз мегардад. Дар рӯзи сеюм бонувон (ГБ) рӯи гилем мебароянд. Чемпионатро гуштингирони тарзи озод (ТО) ҷамъбаст мекунанд.

Барномаи чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола:

1 ноябр
10:30-15:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотии ЮР – 55-63-77-87-130кг
17:15-17:45. Маросими ифтитоҳ
18:00-19:30. Нимфинали ЮР – 55-63-77-87-130kg

2 ноябр
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои муқаддамотии ЮР – 60-67-72-82-97кг
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои тасаллобахши ЮР – 55-63-77-87-130кг
16:45-17:45. Нимфинали ЮР – 60-67-72-82-97кг
18:00-20:30. Финали ЮР – 55-63-77-87-130кг

3 ноябр
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотии ГБ – 50-55-59-68-76кг
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои тасаллобахши ЮР – 60-67-72-82-97кг
16:45-17:45. Нимфинали ГБ – 50-55-59-68-76кг
18:00-20:30. Финали ЮР – 60-67-72-82-97кг

4 ноябр
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои муқаддамотии ГБ – 53-57-62-65-72кг
10:30-14:00. Қувваозмоиҳои тасаллобахши ГБ – 50-55-59-68-76кг
16:45-17:45. Нимфинали ГБ – 53-57-62-65-72кг
18:00-20:30. Финали ГБ – 50-55-59-68-76кг

5 ноябр
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои муқаддамотии ТО – 57-65-70-79-97кг
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои тасаллобахши ГБ – 53-57-62-65-72кг
16:45-17:45. Нимфинали ТО – 57-65-70-79-97кг
18:00-20:30. Финали ГБ – 53-57-62-65-72кг

6 ноябр
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои муқаддамотии ТО – 61-74-86-92-125кг
10:30-15:30. Қувваозмоиҳои тасаллобахши ТО – 57-65-70-79-97кг
16:45-17:45. Нимфинали ТО – 61-74-86-92-125кг
18:00-20:30. Финали ТО – 57-65-70-79-97кг

7 ноябр
16:00-17:45. Қувваозмоиҳои тасаллобахши ТО – 61-74-86-92-125кг
18:00-20:30. Финали ТО – 61-74-86-92-125кг

Баргузории сабқатҳо бо вақти Белград