Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ДӮСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ДӮСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ДӮСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

28.10.2021

: 149

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст мебошад.

Масоҳати умумии варзишгоҳ 8,64 гектарро ташкил дода, дар масоҳати зиёда аз шаш ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ анҷом дода шудааст.

Дар варзишгоҳ 4 сутунпояи калон ва дар атрофи он 30 сутунпояи чароғ насб гардида, ба намои варзишгоҳ аз лиҳози равшанӣ ҳусни бештар мебахшад. Ҳамзамон дар атрофи варзишгоҳ ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки сокинон метавонанд аз ин зебоӣ ҳангоми сайру гашт баҳра баранд.

Варзишгоҳ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, мавзеи болопӯшида барои меҳмонон ва дар қисмати зери нишастгоҳҳо ҳуҷраҳои корӣ, аз ҷумла, ҳуҷраи нозир, доварон, ҳуҷраи техникӣ, либосивазкунӣ ва мураббиён бо тамоми шароити мусоид бунёд гардидааст.

Баъди ба истифода додани иншооти мазкур сокинони ноҳияи Дӯстӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллӣ имконият пайдо мекунанд, ки дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баландро дар ин варзишгоҳи навбунёд доир намоянд.

Инчунин дар варзишгоҳ шароити мусоид барои ҷавонону варзишгарони ноҳия дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ фароҳам аст.