Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 МУАРРИФӢ ШУД

МЕДАЛИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 МУАРРИФӢ ШУД МЕДАЛИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2022 МУАРРИФӢ ШУД

28.10.2021

: 555

27 октябр чемпиони дукаратаи олимпӣ дар намуди конкитозӣ Ян Янг ва барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио-2020 Чжан Юфей ба намояндаи Ҳизби коммунисти Чин Ҳан Чжен ҳамроҳ шуда, медалҳои Пекин-2022-ро дар маросими таҷлил аз 100 рӯз то оғози бозиҳо муаррифӣ карданд.

Медалҳо ҳамчун "Тонг Син" тавсиф шудаанд, ки маънои "Бо ҳам"-ро дорад.

Созмондиҳандагон мегӯянд, ки панҷ ҳалқа дар тарҳи медалҳо таҷассумгари "ваҳдати осмону замин ва ваҳдати мардум аст". Онҳо иддао доранд, ки тарҳи медал рамзи рӯҳи олимпӣ мебошад, ки мардумро аз тамоми ҷаҳон "барои ширкат ва шарикӣ дар Бозиҳои зимистона" ба ҳам меорад.

Дар ҳалқаҳои рӯи медал "Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпии Пекин-2022" бо англисӣ ва намунаҳои абр ва зарраҳои барф нақш бастаанд. Дар пушти медал бошад, рамзи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, номи бозиҳо бо чинӣ ва номи мусобиқа ҳаккокӣ шудааст.

Ҳалқаҳои рӯи медал ба пайраҳаҳои ситораҳо ва 24 нуқта ишора ба Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ ҳастанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 аз 4 то 20 феврал аз рӯи 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) баргузор мешавад. Дар он иштироки беш аз 4000 варзишгари зиёда аз 100 давлат дар назар аст.