Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КАМОНВАРОНИ МО ДАР ҶОМИ ТОМИРИС ШИРКАТ МЕКУНАНД

26.10.2021

: 601

Рӯзҳои 27-29 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ миёни занон - «Ҷоми Томирис» баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа ба ҷуз варзишгарони мизбон, беш аз 50 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина ширкат хоҳанд кард.

Аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар: Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова бо роҳбарии мураббӣ Марям Кантаева ба Самарқанд сафабар гардиданд.

Мусобиқа дар масофаи 70 метр – даври олимпӣ – ба таври инфиродӣ ва даставӣ сурат мегирад.