Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ХАТЛОН” – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ МИЁНИ БОНУВОН

20.10.2021

: 559

Дастаи “Хатлон”-и Бохтар маротибаи дуюм унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувонро ба даст овард.

Мавсими чоруми лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба анҷом расид. Ғолиби чемпионат дар даври охир муайян шуд. Бо натиҷагирӣ аз 18 даври бозиҳо ду даста – “Хатлон” ва “Зебонисо” 51-холӣ ба даст оварданд. Аммо аз ҳисоби бартарӣ дар вохӯриҳои инфиродӣ “Хатлон” медалҳои тиллоро сазовор шуд.

Дастаи “Хатлон” маротибаи дуюм унвони чемпиониро ба даст овард. Муваффақияти якуми ин даста дар лигаи футболи бонувони Тоҷикистон соли 2019 иттифоқ афтода буд.

Лайло Ҳалимова аз дастаи “Хатлон” бо 67 гол беҳтарин нишонзани чемпионат гардид. Адолатхон Раҳмонова (“Хатлон”) беҳтарин дарвозабон эътироф шуд. Ӯ дар 18 бозӣ ҳамагӣ 4 гол ба дарвозааш сар додааст. Ҷоизаи беҳтарин бозингар насиби Марҷона Саидова аз дастаи “Зебонисо” гардид. Қурбонгул Қурбонова (“Хатлон”) беҳтарин мураббӣ дониста шуд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                               Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х    
 1  "Хатлон" (Бохтар)  18  17  0  1  156-4     51
 2  "Зебонисо" (Душанбе)  18  17  0  1  157-10     51
 3  "Суғд" (Суғд)  18  11  0  7  84-54  33
 4  "Бешкент" (Носири Хусрав)      18  10  2  6  86-32  32
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  18  8  4  6  36-40  28
 6  "Конибодом" (Конибодом)  18  8  1  9  66-50  25
 7  "Ҳосилот" (Фархор)  18  6  2  10  33-60  20
 8  "Зебо" (Дӯстӣ)   18  4  2  13  35-43  11
 9  "Нушофарин" (Бохтар)  18  3  0  15  8-222  9
 10  "Чашма" (Шаҳритус)  18  1  1  16  4-150  4