Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ОСИЁИИ ДОХИЛИ ТОЛОР ВА ҲУНАРҲОИ РАЗМӢ БА ТАЪХИР АФТОД

20.10.2021

: 579

6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист 10-20 марти соли 2022 дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд доир мегашт, ба соли 2023 гузаронида шуд.

Шӯрои олимпии Осиё бо ирсоли паём ба кумитаҳои миллии олимпӣ хабар дод, ки ин тасмим бо дархости ҷониби Тайланд гирифта шуд.

“19 октябри соли 2021 аз президенти Кумитаи миллии олимпии Тайланд Правит Вонгсуван нома гирифтем, ки хоҳиш кардааст, 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ, ки 10-19 марти соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд, ба моҳи ноябри соли 2023 гузаронида шавад”, – омадааст дар паёми Шӯрои олимпии Осиё.

Кумитаи олимпии Тайланд, ҳамчунин ду вариантро барои баргузории бозиҳо пешниҳод намудааст: аз 10 то 19 ноябри соли 2023 ё аз 17 то 26 ноябри соли 2023.

Пас аз баррасии тақвими чорабиниҳо дар соли 2023 ва вазъи кунунии ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19, Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё тариқи овоздиҳии фосилавӣ 19 октябр қарор қабул кард, ки 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 17-26 ноябри соли 2023 ба нақша гирифта шавад.

Ин дуюм маротиба аст, ки 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ ба вақти дигар гузаронида мешавад. Дар аввал қарор буд бозиҳо соли 2021 аз 21 то 30 май доир гардад, вале бо сабаби пандемияи COVID-19 моҳи январи соли 2021 ба соли 2022 гузаронида шуд.

Ба барномаи 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 29 намуди варзиш, инчунин ду намуди намоишӣ ворид гардидааст.