Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДО: СОМОН - ЯГОНА НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР “PARIS GRAND SLAM 2021”

15.10.2021

: 120

16-17 октябр мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо - Paris Grand Slam 2021 баргузор мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқа 288 варзишгар (168 мард, 120 зан) аз 47 давлати дунё ширкат мекунанд.

Ҷумҳурии моро дар Paris Grand Slam як варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад.

16 октябр рақобатҳо дар чор вазни миёни бонувон (-48кг, -52кг, -57кг, -63кг) ва дар се вазн миёни мардҳо (-60кг, -66кг, -73кг) доир мегардад. 17 октябр бонувон дар се вазн (-70кг, -78кг, +78кг), мардҳо дар чор вазн (-81кг, -90кг, -100кг, +100кг) гуштин мегиранд.

Чун анъана ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷои аввал – 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 евро, ҷои сеюм – 1500 евро.

Сомон Маҳмадбеков аз мусобиқаҳои Гранд Слам як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар Гранд Слами Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.