Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КАМОНВАРӢ: МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЗЕБИНИСО РУСТАМОВА ДОИР ШУД

КАМОНВАРӢ: МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЗЕБИНИСО РУСТАМОВА ДОИР ШУД КАМОНВАРӢ: МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЗЕБИНИСО РУСТАМОВА ДОИР ШУД КАМОНВАРӢ: МУСОБИҚА БАРОИ ҶОИЗАҲОИ ЗЕБИНИСО РУСТАМОВА ДОИР ШУД

12.10.2021

: 763

8-10 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебинисо Рустамова баргузор шуд.

Дар мусобиқа 38 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ширкат карданд.

Мусобиқа дар ду масофа байни мардҳо, бонувон, ҷуфти омехта ва даставӣ баргузор шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба камонварӣ барои ҷоизаҳои Зебинисо Рустамова:

70 метр
Бонувон
1. Мадина РАҶАБОВА (Душанбе)
2. Мавзуна АЗИМОВА (Суғд)
3. Фирӯза ЗУБАЙДОВА (Душанбе)

Мардҳо
1. Умедҷон РАҲМОНОВ (Душанбе)
2. Келдиёр ҲАСАНОВ (Фарғона)
3. Зокирҷон ҒАФУРОВ (Фарғона)

Ҷуфти омехта
1. Гулмира УРУНБОЕВА / Зокирҷон ҒАФУРОВ (Фарғона)
2. Муниса ЛУТФУЛЛОЕВА / Келдиёр ҲАСАНОВ (Фарғона)
3. Фирӯза ЗУБАЙДОВА / Умедҷон РАҲМОНОВ (Душанбе)

Даставӣ, бонувон
1. Душанбе (Мадина РАҶАБОВА, Фирӯза ЗУБАЙДОВА, Зуҳро ТАҒОЕВА)
2. Фарғона (Гулмира УРУНБОЕВА, Зебо МУҲИТДИНОВА, Муниса ЛУТФУЛЛОЕВА)
3. Суғд (Мавзуна АЗИМОВА, Умедаҷон ҶӮРАЕВА)

60 метр, ҷавонон
Бонувон
1. Заронаи ФИРӮЗ (Душанбе)
2. Азиза КАНТАЕВА (Душанбе)
3. Дилноза АҲМАДОВА (Душанбе)

Мардҳо
1. Сафарбек МАҲМАДУЛЛОЗОДА (Душанбе)
2. Абдумалик ҒАНИЕВ (Суғд)
3. Муҳаммадазим РАУПОВ (Суғд)

Ҷуфти омехта
1. Заронаи ФИРӮЗ / Сафарбек МАҲМАДАЛИЗОДА (Душанбе)
2. Азиза КАНТАЕВА / Абубакр ТӮРАЕВ (Душанбе)
3. Мадина РОЗИҚОВА / Шаҳром ОРИПОВ (Душанбе)

Даставӣ, мардҳо
1. Душанбе (Сафарбек МАҲМАДУЛЛОЗОДА, Мустафо МИРЗОХОҶАЕВ, Абубакр ТӮРАЕВ)
2. Суғд (Муҳаммадазим РАУПОВ, Абдумалик ҒАНИЕВ, Исломҷон САЛИМОВ)
3. Суғд (Дилшоди БАХТИЁР, Мансурхоҷа МАМАДХУҶАЕВ, Даврас ҚУРБОНОВ)

Рустамова Зебинисо Сангиновна 29 январи соли 1955 таваллуд шудааст. Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1984) ва Мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон мебошад.

Барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976, 4 карат чемпиони ҷаҳон дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ, 3 карат чемпиони Аврупо, барандаи медали нуқраи Бозиҳои "Дӯстӣ” дар соли 1984, чемпиони понздаҳкаратаи ИҶШС, рекордгузори чандинкаратаи ҷаҳон, Аврупо, ИҶШС.

Варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри 20 эътироф шуда, бо ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳои “Барои меҳнати шоиста” ва “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” сарфароз гаштааст.