Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: ЧЕМПИОНАТ МИЁНИ ДУХТАРОН ДАР ДУ СИННУ СОЛ НАТИҶАГИРӢ ШУД

ФУТБОЛ: ЧЕМПИОНАТ МИЁНИ ДУХТАРОН ДАР ДУ СИННУ СОЛ НАТИҶАГИРӢ ШУД ФУТБОЛ: ЧЕМПИОНАТ МИЁНИ ДУХТАРОН ДАР ДУ СИННУ СОЛ НАТИҶАГИРӢ ШУД

06.10.2021

: 693

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ миёни духтарони то 15-сола ва дастаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав миёни духтарони то 17-сола ғолиби Чемпионати Тоҷикистон-2021 шуданд.

Чемпионати футбол миёни духтарони то 15-сола имсол дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва финалӣ – баргузор шуд.

Дар марҳилаи финалӣ шаш даста иштирок карданд. Бозиҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд. Дастаи футболи духтаронаи “Панҷшер” аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар ҳамаи 5 бозиаш ғолиб омада, бо 15 хол ҷои аввалро ишғол кард. Медалҳои нуқра насиби дастаи “Бешкент”-и Носири Хусрав (10 хол) ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Навбаҳор”-и ноҳияи Мастчоҳ (9 хол) гардид.

Бозингарони “Панҷшер” Мафтуна Деҳқонова беҳтарин дарвозабон, Дилдора Имомалиева беҳтарин бозингар дониста шуданд. Содиқҷон Исматов (“Панҷшер”) беҳтарин мураббӣ эълон шуд. Улҷамол Элмуродова аз тими “Бешкент” бо 41 гол беҳтарин нишонзан гардид.

 ҶОЙ    ДАСТАҲО                                         Б      Ғ       М      Б      Т-Т         Х     
 1  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)  5  5  0  0  11-1  15
 2  "Бешкент" (Носири Хусрав)  5  3  1  1  15-3  10
 3  "Навбаҳор" (Мастчоҳ)  5  3  0  2  12-6  9
 4  "Ҷавонӣ" (Ҷаббор Расулов)  5  2  1  2  5-5  7
 5  "Зебо" (Дӯстӣ)  5  1  0  4  2-5  3
 6  "Зебонисо" (Душанбе)  5  0  0  5  0-25  0


Дар чемпионати футбол миёни духтарони то 17-сола низ шаш даста ширкат намуданд - «Бешкент» (Носири Хусрав), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Хатлон» (Бохтар), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Навбаҳор» (Мастчоҳ). Дар асоси низомнома бозиҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд.

Бо натиҷагирӣ аз панҷ давр, дастаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав бо 12 хол ғолиб гардид. Ду даста – “Ҷавонӣ” (Ҷаббор Расулов) ва “Панҷшер” (Носири Хусрав) 9-холӣ ба даст оварданд, вале аз ҳисоби вохӯриҳои инфиродӣ “Ҷавонӣ” ҷои дуюм ва “Панҷшер” ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Нилуфар Қараева (“Бешкент”) беҳтарин дарвозабон, Рухшона Файзуллоева (“Ҷавонӣ”) беҳтарин бозингар, Зарина Имомназарова (“Навбаҳор”) бо 33 гол беҳтарин нишонзан ва Эркин Нормуродов (“Бешкент”) беҳтарин мураббӣ эълон гардиданд.

 ҶОЙ    ДАСТАҲО                                           Б     Ғ      М     Б      Т-Т      Х    
 1  "Бешкент" (Носири Хусрав)  5  4  0  1  11-4  12
 2  "Ҷавонӣ" (Ҷаббор Расулов)  5  3  0  2  7-8  9
 3  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)  5  3  0  2  12-9  9
 4  "Навбаҳор" (Мастчоҳ)  5  2  1  2  14-9  7
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  5  1  1  3  5-10  4
 6  "Хатлон" (Бохтар)  5  1  0  4  5-14  3