Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧҶ-2021 ШИРКАТ МЕКУНАНД

05.10.2021

: 566

6-9 октябр дар шаҳри Олбияи Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар чемпионат 504 варзишгар (292 писар, 212 духтар) аз 73 давлат ширкат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба ҷудо дар ҳайати 7 нафар ба Италия сафарбар гардиданд:

-66кг - Абубакр ШЕРОВ
-66кг - Анушервон ҚУВВАТОВ
-81кг - Саидраҳим РАҲИМОВ
-81кг - Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ
-90кг - Раҳматулло МИРЗОЕВ
-100кг - Эмомризо АНВАРЗОДА
-100кг - Мансур РАҲМОН

Чун анъана рӯзи аввал (6 октябр) қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг миёни духтарон, -60кг, -66кг миёни писарон доир мегардад. Дар рӯзи дуюм (7 октябр) духтарон дар вазнҳои -57кг, -63кг, писарон дар вазни -73кг нерӯ месанҷанд. Дар рӯзи сеюм (8 октябр) шоҳиди нерӯсанҷии духтарон дар вазни -70кг, писарон дар вазнҳои -81кг, -90кг хоҳем шуд. Рӯзи чорум (9 октябр) духтарон дар вазнҳои -78кг, +78кг ва писарон дар вазнҳои -100кг, +100кг гуштин мегиранд.

Ёдрас мешавем, ки варзишгарони мо дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон се медал гирифтаанд. Соли 2019 дар Марокаш паҳлавони шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ӯ ҳамчунин соли 2017 дар Загреби Хорватия медали биринҷӣ ба даст овардааст. Темур Раҳимов низ соли 2017 дар вазни -100кг сазовори медали биринҷӣ гардидааст.