Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҒОЛИБОНИ АВВАЛИН МУСОБИҚАИ БОКС БАРОИ ҶОИЗАҲОИ МАВЗУНА ЧОРИЕВА

ҒОЛИБОНИ АВВАЛИН МУСОБИҚАИ БОКС БАРОИ ҶОИЗАҲОИ МАВЗУНА ЧОРИЕВА ҒОЛИБОНИ АВВАЛИН МУСОБИҚАИ БОКС БАРОИ ҶОИЗАҲОИ МАВЗУНА ЧОРИЕВА ҒОЛИБОНИ АВВАЛИН МУСОБИҚАИ БОКС БАРОИ ҶОИЗАҲОИ МАВЗУНА ЧОРИЕВА

04.10.2021

: 652

Аз 27 сентябр то 1-уми октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба бокс барои ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева баргузор шуд.

Дар мусобиқа, ки аз рӯи 10 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни бонувон сурат гирифт, 112 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат намуданд. Бештари медалҳоро варзишгарони Душанбе ба даст оварданд – 10 тилло, 8 нуқра, 17 биринҷӣ. Варзишгарони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сазовори 3 медали тилло, 7 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд. Намояндагони вилояти Суғд 2 медали тилло, ШНТМ як медали тилло, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон як нуқраву ду биринҷӣ ва ВМКБ 4 медали биринҷӣ гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс барои ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева:

Мардҳо
49кг
1. Садам САФАРОВ (Кӯлоб)
2. Алишер МИРЗОХОНОВ (Кӯлоб)
3. Алихон ШАРИПОВ (Душанбе)
3. Мавлон ФАЙЗИЕВ (Душанбе)

52кг
1. Искандарбек РУСТАМОВ (Суғд)
2. Эмомалӣ РАҲМОН (Кӯлоб)
3. Субҳон ВОСЕЪЗОДА (Душанбе)
3. Акмал ВАЗИРБЕКОВ (ВМКБ)

56кг
1. Файзмамад МАЛАХБЕКОВ (Душанбе)
2. Шоҳин ҲИКМАТОВ (Душанбе)
3. Шуҳрат ХИСРАВОВ (ВМКБ)
3. Аминҷони САЙДАЛӢ (Душанбе)

60кг
1. Абдураҳмон ЁҚУБОВ (Суғд)
2. Билол ХОЛОВ (Бохтар)
3. Файзиддин ЮНУСОВ (Бохтар)
3. Азамат ШАРИФӢ (Душанбе)

64кг
1. Расул АҲАДОВ (Душанбе)
2. Абдулло ШАРИФОВ (Душанбе)
3. Шуҳрат САЛОМАТОВ (Душанбе)
3. Файзалӣ ҒУЛОМОВ (Душанбе)

69кг
1. Саидмуҳаммад АМОНОВ (Душанбе)
2. Амирҷон НАЗАРОВ (Кӯлоб)
3. Шаҳбоз КАМОЛОВ (Душанбе)
3. Садам ЧАЛИШЕВ (Кӯлоб)

75кг
1. Абдумалик БОЛТАЕВ (ШНТМ)
2. Ҷаҳонгири БОБОҶОН (Бохтар)
3. Маҳмадуло РАҲМОНОВ (Кӯлоб)
3. Аюбҷон МИРЗОҶОНОВ (Душанбе)

81кг
1. Сомон ДАВЛАТЗОДА (Душанбе)
2. Сино ҒОИБНАЗАРОВ (Душанбе)
3. Некрӯз ХАЛИФАЗОДА (Кӯлоб)
3. Бахтоваршо ДИЛБАРОВ (Душанбе)

91кг
1. Саидҷалол ТАВАКАЛЗОДА (Душанбе)
2. Некрӯз ШАРИФОВ (Кӯлоб)
3. Сураҷ ҒУЛОМШОЕВ (ВМКБ)
3. Ҷумахон РАСУЛОВ (Душанбе)

+91кг
1. Муҳаммад АБРОРИДДИНОВ (Душанбе)
2. Қамар ШАРИФОВ (Душанбе)
3. Баҳодур БОЕВ (Бохтар)
3. Ҷаҳонгир ЗАУРОВ (Душанбе)

Бонувон
48кг
1. Сумайя ҚОСИМОВА (Душанбе)
2. Ёсуман ХОЛОВА (Кӯлоб)
3. Гулбаҳор ҚОДИРОВА (Душанбе)
3. Меҳрона МИРЗОЕВА (Душанбе)

51кг
1. Руҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА (Душанбе)
2. Судобаи САФАРМАД (Кӯлоб)
3. Фаризаи АБДУЛЛО (Душанбе)
3. Ҳангома ЁҚУБОВА (Кӯлоб)

57кг
1. Бибисоро ҶУМАЕВА (Кӯлоб)
2. Оминаи АБДУҚАЮМ (Кӯлоб)
3. Нилуфар КАБИРОВА (Кӯлоб)
3. Малоҳати АШӮР (Кӯлоб)

60кг
1. Шоира ЗУЛҚАЙНАРОВА (Душанбе)
2. Нигора ОЛИМОВА (Душанбе)
3. Малика САИДОВА (Кӯлоб)
3. Шабнам ЗАРИФЗОДА (Кӯлоб)

69кг
1. Нилуфар БОБОЁРОВА (Душанбе)
2. Фариза АБДУРАҲИМОВА (Душанбе)
3. Дилбар ИСОЕВА (Душанбе)
3. Анӯшаи ФИРӮЗ (Кӯлоб)

75кг
1. Раҳмиямоҳ САРИЕВА (Кӯлоб)
2. Фарангис ДАВРОНОВА (Душанбе)
3. Гуларус ШОЕВА (Душанбе)
3. Шаҳноза ХОҶАДАВЛАТОВА (ВМКБ)

Мавзуна Чориева 1 октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Дар ибтидо дар намуди гуштин тамрин кард, аммо ба бокс таваҷҷуҳу шавқ дошт. Аз ҳафтсолагӣ машқи муштзанӣ гирифт.
Мавзуна Чориева соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, баъдан Академияи ВКД ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2016 карйераи варзишиашро анҷом дод. Аз соли 2017 мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон (аз соли 2016) мебошад.
Мавзуна Чориева соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон, дар намуди бокс (вазни -60кг) сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2012, Синхуандаои Чин), медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст. Устоди хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон мебошад.