Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

04.10.2021

: 533

1-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҷмааи варзишии замонавиро, ки бо саҳми соҳибкор Амрохон Саидов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи варзишӣ дорои 5 толори хурди варзишӣ, аз ҷумла як толор барои таеквондо, толори гӯштин, толор барои бозии шашкаю шоҳмот, толори тамрин ва толори тенниси рӯи миз аст.

Иншооти варзишӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ сохта шуда, дар он барои ба машқу тамрин фаро гирифтани ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Маҷмаа бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар як вақт зиёда аз 100 нафар ҷавону наврасон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш тамрин хоҳанд кард.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо варзишгарон ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Маҷмааи варзишӣ ба масъулон дастур доданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои саривақтиро амалӣ намояд.

Се соли охир дар ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ дар раванди босуръати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 10 майдонча, се толор ва як маҷмааи варзишӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он беш аз 1000 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи 11 намуди варзиш ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.