Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДУБОРА ПРЕЗИДЕНТИ КМО ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

03.04.2013

: 533

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-ум Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон, дубора президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҷаласаи интихобию ҳисоботии Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи президенти КМО Тоҷикистон аъзи Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон пешбарӣ карданд ва ӯ ягона номзад буд.

Бар асоси Оинномаи КМО Тоҷикистон, президенти кумита барои чор сол (2013-2016) интихоб шудааст.

Дар ҷаласа ҳисоботи Кумита дар давраи солҳои 2009-2012 шунида шуд. Қайд гардид, ки дар ин давра варзишгарони тоҷик нахуст дар аввалин Бозиҳои олимпии наврасон-2010 дар Сингапур ду медал (як нуқра, як биринҷӣ), соли 2010 дар Бозиҳои Осиё дар Гуанжоуи Чин 4 медал (як тилло, 3 биринҷӣ) ва соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.